Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Душанбе терминали нави мусофирбари «Озод транс» ба фаъолият оғоз кард

Дар Душанбе терминали нави мусофирбари «Озод транс» ба фаъолият оғоз кард

15-08-2017, 08:36
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе терминали нави мусофирбари «Озод транс» ба фаъолият оғоз кард

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Терминали нави мусофирбари «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар маросими баистифодадиҳии терминали нав намояндагони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, мутахассисону коршиносони соҳа иштирок намуданд. Сохтмони иншооти мазкур нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Терминали мусофирбари «Озод транс» дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту воситаҳои техникӣ равона гардидааст.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд. Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин ҷо муҳайёгардида, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба масъулон бобати таъмини хизматрасонии хубу босифат ба ронандагону мусофирон маслиҳатҳои муфид доданд.

Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» бунёди чунин иншооти замонавиро самараи оромию суботи кишвар, фароҳамии фазои хуби соҳибкорӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе арзёбӣ карданд.

Аз терминали мусофирбарии «Озод транс» мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт ба сафар мебароянд, тибқи нақша истифода мекунанд.

Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои 35 нафар бо шароити олӣ ва миёна мавҷуданд, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.

Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардидааст, ки ба муштариён хизматрасонии босифат пешкаш месозад. Дар маҷмӯъ, бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: