Аввалин қатораи мусофирбари Душанбе — Остона ба пойтахти Қазоқистон ворид шуд20-06-2017, 14:43
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн аввалин қатораи мусофирбар дар хатсайри Душанбе — Остона ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Соҳибназаров хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, 15 июн аввалин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ҳаракат карда, шоми 19 июн вориди пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гардид. Ин хатсайр ҳафтае як маротиба танҳо се моҳ аз 10 июн то 10 сентябри соли равон (зимни баргузории намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017») амал карда, давомнокии он чор шабонарӯзро ташкил медиҳад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз КВД «Мусофиркаш» хабар доданд, қаблан байни ду кишвар алоқаи мустақими роҳи оҳан вуҷуд надошт. Қарор дар бораи ифтитоҳи он байни операторони Роҳи оҳани Қазоқистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расид. «Қатора рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе ҳаракат карда, рӯзҳои душанбе аз Остона бармегардад. Арзиши чипта аз як самт аз вақти харидории он вобаста аст. Агар мусофир чиптаро як моҳ қабл аз ҳаракат харидорӣ намояд, он гоҳ арзиши он 927 сомониро ташкил медиҳад. Агар чипта 20 ё 10 рӯз қабл аз ҳаракат харидорӣ гардад, арзиши он каме гаронтар мешавад», — шарҳ дод манбаъ. «Қатораи хатсайри Душанбе – Остона тибқи мувофиқаҳои бадастомада ҳамагӣ 3 моҳ рафтуомад мекунад. Дар бораи хатсайри мунтазам байни ду пойтахт ҳарф задан ҳоло барвақт аст, зеро ин аз ҳаракати мусофирон вобаста мебошад, то чӣ андоза шаҳрвандон талабгори ин хатсайранд», — хулосабарорӣ кард манбаъ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.