Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Минбаъд ҳаракати таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Рашт дар пойтахт тавассути «Терминали шарқӣ» ба роҳ монда мешавад

Минбаъд ҳаракати таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Рашт дар пойтахт тавассути «Терминали шарқӣ» ба роҳ монда мешавад

26-10-2018, 08:36
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Минбаъд ҳаракати таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Рашт дар пойтахт тавассути «Терминали шарқӣ» ба роҳ монда мешавад
Октябрь 26, 2018 08:08

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз дирӯз, 25 октябри соли равон бинобар сабаби қатъ гардидани фаъолияти таваққуфгоҳи «Роҳи сафед»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (маҳаллаи 7 км) ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар — таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш) тавассути «Терминали шарқӣ» (маҳаллаи Обшорон) ба роҳ монда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин икдом бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла, мусофиркашонӣ ва танба нагардидани роҳ дар минтақаи мазкур амалӣ мешавад. Мусофирон минбаъд метавонанд барои сафар ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаҳои зикршуда аз «Терминали шарқӣ» (охири хатсайрҳои автобусҳои №№2, 7, 43 ва микроавтобусҳои №№5А, 15, 18 ва 39) истифода баранд. Дар Терминали мазкур барои мусофирон ва ронандагон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Минбаъд ҳаракати таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Рашт дар пойтахт тавассути «Терминали шарқӣ» ба роҳ монда мешавад
Ёдовар мешавем, ки сохтмони «Терминали шарқӣ» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Озод интернейшнл» дар зарфи ду сол ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдии он беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

«Терминали шарқӣ» дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯ ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту воситаҳои техникӣ равона гардидааст.

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд.

Бояд илова кард, ки оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №15, №5а, №18, ва 39, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасонанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои 35 нафар бо шароити олӣ ва миёна мавҷуданд, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.

Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардидааст, ки ба муштариён хизматрасонии босифат пешкаш месозад. Дар маҷмӯъ, бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: