Дар Қирғизистон маросими тантанавии қабули ду ҳавопаймои борбари низомии АН-26 баргузор шуд. Ин ҳавопаймоҳоро Русия дар асоси созиши президентҳои ду кишвар ба Қирғизистон ҳадя кард.
Тавре мақомоти низомии Қирғизистон хабар медиҳанд, дар маросими қабули ҳавопаймоҳо сардори Ситоди кулли нерӯҳои низомии Қирғизистон Райимбердӣ Дуйшенбиев, намояндагони Округи марказии ҳарбӣ ва пойгоҳи ҳавоии шаҳри Кант бо роҳбарии муовини вазири мудофиаи Русия Александр Фомин ширкат кардаанд.
Хабар дода мешавад, ки ба ҷуз аз ҳавопаймоҳо ва дастгоҳҳои дигар вазорати мудофиаи Русия ҳамчунин қисмҳои эҳтиётӣ, агрегатҳо ва лавозимоти дигар оварда, ҳамзамон ба низомиёни қирғиз тарзи идораи ҳавопаймоҳоро ҳам назариявӣ ва ҳам ба таври амалӣ омӯзондааст.
Ҷониби Русия тасмим дорад, ки дар барқарории зерсохтори фурудгоҳии Қирғизистон кӯмак расонад.