Ба Тоҷикистон нерӯҳои десантии Русия ворид шуданд15-03-2016, 15:37
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Ба иттилои Раёсати хадамоти матбуотӣ ва иттилооти вазорати мудофиаи Русия, ниҳодҳои десантӣ ё чатрбози ин кишвар барои ширкат дар тамринҳои нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар ба Тоҷикистон омадаанд.
“Имрӯз ҷузъу томҳои нерӯҳои десантӣ аз вилояти Иваново ва Уляновск, ки барои ширкат дар тамринҳои муштарак бо Тоҷикистон ҷалб шудаанд, аз фурудгоҳҳои низомии вилоятҳои Иваново ва Уляновск ба фурудгоҳи “Ҳисор” оварда шудаанд”, - омадааст дар хабар. Дар тамринҳои муштарак аз нерӯҳои десантии Русия гурӯҳи беш аз 150 нафарӣ ширкат мекунад. Дар вазорати мудофиа хабар доданд, ки интиқоли ҷузъу томҳои нерӯҳои десантӣ ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои борбари низомии Ил-76 сурат гирифтааст. “Десантчиёнро зарур аст вазифаҳои душвори фуруд омадан аз фазо ва партоби бори махсус дар минтақаҳои ношинос ва дорои шароити иқлимии душвору кӯҳиро анҷом диҳанд. Машқи иҷрои ин вазифаҳо дар ҳамкорӣ бо ҷузъу томҳои Минтақаи марказии низомии Русия ва Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сурат мегирад”, - хабар медиҳад вазорати мудофиа. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.