Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИМА: имконоти низомии Русия дар Сурия тағйир наёфтааст

ИМА: имконоти низомии Русия дар Сурия тағйир наёфтааст

24-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
ИМА: имконоти низомии Русия дар Сурия тағйир наёфтаастҚудрати низомии Русия дар Сурия амалан аз замони эълони берун бурдани қисми асосии низомиёни Русия аз ин кишвар тағйир наёфтааст, дар ин бора имрӯз намояндаи Пентагон дар Бағдод хабар дод.

Русия моҳи март эълон карда буд, ки қисми асосии низомиёнашро аз Сурия берун мебарад.

"Онҳо нерӯи низомӣ доранд, нерӯҳои хушкигардашонро дар Сурия нигаҳ медоранд, онҳо силоҳи артилерӣ доранд. Нерӯҳои махсусашон он ҷо аст, ки ба режими Сурия ёрдам мерасонанд", - шарҳ дод намояндаи Пентагон дар умури робита бо расонаҳо Стивен Уоррен.

Ба гуфтаи вай, артиши Русия дар наздикии Полмиро як пойгоҳи муваққатии низомӣ таъсис додааст, ҳарчанд ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин пойгоҳ муваққатист ё дарозмуддат. "Онҳо дар наздикии Полмиро пойгоҳ таъсис доданд... Сохтмони ин пойгоҳро идома медиҳанд", - гуфт Стивен Уоррен.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, вақтҳои охир гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" аз сӯи нерӯҳои Русия зарбаи бештар мебинад. Дар моҳҳои аввали амалиёти ҳавоии Русия аксарияти зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ зидди нерӯҳои мухолифи Сурия равона мешуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: