Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пентагон Куриёи Шимолиро аз пайомади амалҳояш огоҳ кард

Пентагон Куриёи Шимолиро аз пайомади амалҳояш огоҳ кард

10-08-2017, 11:51
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Пентагон Куриёи Шимолиро аз пайомади амалҳояш огоҳ кард

Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис гуфт, Куриёи Шимолӣ бояд аз ҳама гуна амалҳое, ки режимро аз байн хоҳанд бурд, даст кашад ва талошҳояшро низ барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ қатъ кунад.
"Пхенян бояд роҳи бурунрафт аз худканораҷӯиро интихоб кунад ва талошҳояшро барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ қатъ карда, аз ҳама амалҳое даст кашад, ки режим ва мардуми худро аз байн хоҳанд бурд", - афзуд Мэттис рӯзи панҷшанбе.

Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки Департаменти давлатии ИМА талошҳои дипломатӣ дорад, "Амрико ва ҳампаймононаш дар замин имкониятҳои дақиқу озмуда ва боэътимоди дифоию ҳуҷумӣ хоҳанд дошт".

Бо вуҷуди изҳороти Мэттис намояндагони ИМА бар инанд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои эҳтиётии иловагӣ дар минтақа ҷойгир карда нашудаанд ва сатҳи таҳдидҳо низ тағйир наёфтааст.

Иёлоти Муттаҳида дар Куриёи Ҷанубӣ 28 ҳазору 500 ва дар Ҷопон 54 ҳазор низомӣ дорад ва даҳҳо ҳазор амрикоии дигар дар ин ду кишвар кору зиндагӣ мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: