
Президенти ИМА Доналд Трамп ва сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар суҳбати телофонии рӯзи душанбе ба хулоса расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз озмоишҳои мушакҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ тасмимҳои иловагӣ гирифта шавад.
Сарвазири Ҷопон гуфт, ки Русия ҳам бояд барои муътадил сохтани вазъ дар нимҷазираи Куриё нақши ҷиддитар бибозад. Абэ афзуд, талоши фаровон шуд, ки масъала бо рози осоишта ҳал гардад, аммо Куриёи Шимолӣ ҳамаи ин талошҳоро нодида гирифт.
Чанд соат пеш аз машварати роҳбарони ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ, роҳбари ҳайати ИМА дар СММ Никки Хейлӣ гуфт, ки "замони муколама бо Куриёи Шимолӣ гузаштааст". Ба гуфтаи дипломати амрикоӣ, "дар пасманзари озмоишҳои мушакҳои байниқоравии болдор аз сӯи Куриёи Шимолӣ, Чин бояд тасмимашро эълон кунад, ки билохира оё аз таҳримҳои Шурои амнияти СММ зидди Пхенян ҷонибдор аст, ё на. Қатъномаи навбатӣ зидди Куриёи Шимолӣ бидуни фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиш надорад".
"Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ҳам бояд дар бораи иқдомҳои изофӣ зидди Куриёи Шимолӣ биандешанд", - афзуд Хейлӣ.
Президент Трамп дар саҳифаи Твиттер навишт, ки дар роҳи ҷилавгирӣ аз иқдомҳои Куриёи Шимолӣ бетарафии Чин ӯро "ноумед" кардааст.
Пекин тавассути расонаҳо ба Трамп посух дод, ки "агар таҳдидҳои низомии ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ наметавонанд, аз озмоишҳои мушакҳои ҳастаии Куриёи Ҷанубӣ ҷилавгирӣ кунанд, пас Чин чи гуна тавассути таҳримҳои иқтисодӣ ба ин ҳадаф даст меёбад?".