Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Доналд Трамп: "Куриёи Шимолӣ бо мушкилии бузрге рӯ ба рӯ хоҳад шуд"

Доналд Трамп: "Куриёи Шимолӣ бо мушкилии бузрге рӯ ба рӯ хоҳад шуд"

11-08-2017, 11:34
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Доналд Трамп: "Куриёи Шимолӣ бо мушкилии бузрге рӯ ба рӯ хоҳад шуд"

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар муносибат бо Куриёи Шимолӣ ҳамеша ҷонибдори гуфтугӯ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вай, вале агар онҳо ният доранд, ки ба Иёлоти Муттаҳида зиён расонанд, Пхенян бояд ба изтироб биафтад.
Трамп огоҳ кард, ки агар Куриёи Шимолӣ рафтори кунуниашро идома диҳад, пас душвориҳое ӯро мунтазиранд, ки ба гуфтаи Трамп, "пеш бо кам касе рух додаанд".

8 август, баъди нашри матлаб дар нашрияи Washington Post дар бораи зарфиятҳои Куриёи Шимолӣ дар бахши силоҳи ҳастаӣ, президенти Амрико гуфт, посухи Вашингтон ба амалҳои Пхенян "оташ ва хашм" хоҳад буд. Нашрия бо такя ба манбаъҳояш аз бахши иктишофии ИМА навишт, ки Куриёи Шимолӣ тавонистааст, барои мушакҳояш кулоҳакҳои ҳастаӣ тавлид кунад.

Пхенян дар посух ба изҳороти Трамп гуфт, ки "нақша"-и сар додани мушакро ба наздикиҳои ҷазираи Гуами уқёнуси Ором дорад. Ин ҷазира дар ихтиёри ИМА аст. Куриёи Шимолӣ гуфт, ин зарбаҳо ҳушдор ба ИМА хоҳад буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: