
Куриёи Шимолӣ имкони зарбаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии ИМА-ро дар ҷазираи Гуам, дар ғарби уқёнуси Ором “бодиққат” меомӯзад. Ин нукта дар изҳороти фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Куриёи Шимолӣ зикр мешавад, ки хабаргузории расмии ин кишвар нашр кардааст.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ҳар вақт раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин тасмим бигирад, нақшаи ҳамла ба иншооти низомии Амрико бо истифода аз мушаки миёнапарвози "Хвансон-12", ки низомиёни ин кишвар сохтаанд, иҷро хоҳад шуд.
Президенти ИМА Доналд Трамп чант соат пеш аз нашри изҳорот гуфт, ки агар Куриёи Шимолӣ Иёлоти Муттаҳидаро таҳдид кунад, Пхенянро зери “хашму оташ”-и бесобиқа қарор хоҳад дод.
Ин вокуниши Трамп ба таҳдиди Куриёи Шимолӣ буд, ки гуфт, дар посух ба қатъномаи нави Шӯрои амнияти СММ ба “ИМА дарси ҷиддӣ хоҳад дод”. Қатъномаи нави шӯро афзоиши таҳримҳоро зидди Пхенян дар ҷавоб ба озмоиши мушакҳои болдор пешбинӣ мекунад.
Ба ҷуз ин, расонаҳо хабар доданд, Куриёи Шимолӣ кайҳо кулоҳаки ҳастаии хурде сохтааст, ки метавонад ба мушакҳои болдор насб карда шавад.