Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ташкили нахустин эътилофи даъвогарони курсии президентӣ дар Қирғизистон

Ташкили нахустин эътилофи даъвогарони курсии президентӣ дар Қирғизистон

8-08-2017, 15:17
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0

 Ташкили нахустин эътилофи даъвогарони курсии президентӣ дар Қирғизистон

Бар пояи иттилои ҳизби "Онугуу-Прогресс", 6 август роҳбарони се ҳизби сиёсии Қирғизистон - "Ота-Журт Мекенчил", "Бутун Қирғизистон" ва "Онугуу-Прогресс" барои ташкили эътилоф ва ҳимоят аз номзади ягона созишнома имзо кардаанд.
Зери созишнома роҳбарони ҳизбҳо - Адахон Мадумаров, Ахматбек Келдибеков, Камчибек Тошиев ва Бакит Торобоев имзо гузоштанд.

Ташаббускорони эътилоф мегӯянд, "бо ҳадафи муттаҳид кардани нерӯҳои сиёсӣ чанд мулоқот ташкил гардид ва хулоса ин шуд, ки арзишҳо ва ҳадафҳои мо ягона ҳастанд".

Дар созишномаи ҳизбҳо омадааст, ташаббускорони эътилоф ё ҳизби нав "омодаанд бо ҳамаи нерӯҳо ҳамкорӣ кунанд". Эътилоф аз кадом номзад ҳимоят мекунад, ҳанӯз дақиқ нест.

Ҳамаи роҳбарони ҳизбҳои узви эътилоф барои номзад шудан ба мақоми президентӣ ба комисияи интихоботии Қирғизистон ариза додаанд. Интихоботи президентии Қирғизистон 15 октябр таъйин шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: