
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) мегӯяд, то 31 июли соли равон 59 нафар номзадии худро ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябри ин кишвар пешниҳод кардаанд.
Ба иттилои КМИР, номзадии 11 нафари онҳоро аҳзоби сиёсии Қирғизистон пешниҳод карда, боқӣ худпешбаранд. Миёни худпешбарҳо раҳбари боздоштшудаи ҳизби мухолифи "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва вакили пешини порлумон Содир Жапаров низ ҳастанд.
Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон қарор аст 15 октябри соли равон баргузор шавад. 31 июл охирин рӯзи ба қайдгирии номзадҳо буд. КМИР гуфт, рӯйхати ниҳоии номзадҳоро 10 сентябр нашр хоҳад кард.