Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қирғизистон: Оғози рақобатҳои интихоботӣ

Қирғизистон: Оғози рақобатҳои интихоботӣ

7-08-2017, 13:20
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Қирғизистон: Оғози рақобатҳои интихоботӣ
Дар ҳоле, ки ба интихоботи президентӣ дар Қирғизистон ду моҳи дигар вақт мондааст, манбаъҳо аз 59 нафар довталаби ин курсӣ хабар медиҳанд.
Комиссияи марказии Интихобот ва раъйпурсии ин кишвар дар охири ҳафтаи гузашта бо сабти ном кардани нахустин номзад расман ба ин маъракаи сиёсӣ оғоз бахшид.
Ба ин тартиб, аз миёни муддаиёни курсии президентӣ раҳбари Ҳизби «Ак Шумкар» Темир Сариев, яке аз сиёсатмадорони шинохта ва бо таҷрибаи ширкат дар муборизаҳои сиёсӣ Қирғизистон сабти ном шуд ва шаҳодатномаи номзадиро гирифт.
Ӯ дар ҳоли ҳозир ягона нафаре аст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ намуда, бо имзои беш аз 60 ҳазор нафар тарафдоронаш ба Комиссияи марказии интихобот супоридааст.
Интихоботи президентӣ дар ин ҳамсоякишвари мо 15 октябр баргузор мешавад.
Пеш аз оғози ин маърака баъзеҳо тахмин мезаданд, ки Президенти ҳозираи Қирғизистон Алмосбек Атамбоев, ки дар интихобот ширкат намекунад, аз номзадии яке аз довталабон ҳимоят хоҳад кард.
Дар ин робита таҳлилгарон аввалтар аз ҳама аз Сооронбой Жээнбеков, сарвазири феълии кишвар ва аз ҳамҳизбиёни президент, ки аз ҷумлаи муддаиён аст, ном мебурданд.
Аммо Президенти Қирғизистон ғайриинтизори ҳама ахиран нафари дуввумро ҳам ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, номзади арзанда мебошад. Нафари дуввуми мавриди таваҷҷуҳи Отамбоев раиси Ҳизби «Республика –Ата - Журт»Омурбек Бабанов аст, ки ҳизби ӯ аз ҷумлаи аҳзоби мухолиф дониста мешавад.
Дар пайи ин изҳори назар баъзе аз таҳлилгарон гуфтанд,ки Атамбоев то охир ба касе эътимод надорад ва бинобар ин якбора аз чанд номзад пуштибонӣ хоҳад кард, то нишон диҳад, ки ҳамаи номзадҳо барояш як хел арзиш доранд.
Муҳлати додани дархост барои иштирок дар интихобот 1 август ба охир расид ва бо поён ёфтани ин муҳлат Комиссияи марказӣ шумораи 59 нафар довталабро эълон намуда, гуфт,ки албатта дар марҳалаи бозрасии асноди пешниҳодшуда миқдори зиёди довталабон ғалбер мешаванд ва танҳо шумораи ками чеҳраҳои шинохта барои иштирок дар рақобатҳо роҳ меёбанд.
Тибқи Низомномаи интихоботи Қирғизистон довталаб на камтар аз 30 ҳазор имзои тарафдронашро бояд ҷамъ оварад, як миллион сом (баробари 868 ҳазор рубли русӣ ё 15 ҳазор доллар) гаравпулӣ гузорад ва аз забони қирғизӣ имтиҳон супорад.

Се сарвазири Қирғизистон - номзадҳои асосӣ
Дар гузоришҳои марбут ба интихоботи пеширӯдар Қирғизистон ба ин нукта ишора мешавад, ки дар ин маъракаи муҳим рақобат асосан байни сарвазири феълӣ Сооронбой Жээнбеков,сарвазирҳои собиқ Омурбек Бабанов ва Темир Сариев сурат мегирад. Ба ҳар сурат, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳар се номзад ҳам мавзеи некбинона ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Русия доранд, ғалабаи ҳар яке аз онҳо барои таъмини суботи минтақавӣ муҳим ва бехатар ҳисобида мешавад. Тавре маълум аст, Қирғизистон дар пайи талошҳои зиёди Атамбоев ва ҳукумати таҳти идораи ӯ августи соли 2015 ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуд.
Президенти Қирғизистон дар гузашта чанд бор ошкоро аз Жээнбеков , ки аз сӯи Ҳизби сотсиал – демократии ин кишвар номзад пешниҳод шудааст, ҳимоят кард. Аммо дар яке аз нишастҳои матбуотии ахири худ вай инчунин гуфт, ки «агар ҲСДҚ Жээнбековро номзади худ пешбарӣ намекард, ман аз Бабанов тарафдорӣ мекардам». Ин изҳори назар барои бисёриҳо ва ҳатто худи тарафдорони Президент ҳам ғайриинтизор буд.
Ин суханон овозаҳоеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба миён овард, ки гӯё Омурбек Бабанови мухолиф бо давлати кунунӣ созиш намудааст.
Аммо худи Бабанов пас аз чунин изҳори назарҳо шарҳ дод, ки «ҳеҷ гуна созише бо давлат дар мавриди иштирокаш дар интихобот надорад ва Атамбоев ҳам ба таври ошкор наметавонад бо истифода аз захираҳои нерӯии ниҳодҳои давлат ба манфиати яке аз номзадҳо истифода намояд. Агарчӣ ин суханони Президенти кишвар, ки мехоҳад ба тариқи сулҳомез курсии раҳбарии ҳукуматро ба каси дигаре вогузорад, барояш муҷиби ифтихор мебошад».
Дар ҳамин ҳол Одил Турдиқулов, раҳбари Комитети ҳимоят аз озодии сухан ва аз коршиносони шинохтаи масъалаҳои сиёсии Қирғизистон гуфтааст, ки дар сурати хоҳиши ҳимоят доштан ҳам имконоти таъсиргузории Президент ба натиҷаҳои овоздиҳии мардум чандон зиёд нест.
Бо ақидаи ин коршинос, «аз ин сабаб аст, ки Атамбоев дар баробари ҷонишини худ интихоб кардани сарвазири ҳозира Сооронбой Жээнбеков, аз Бабанов ҳам ба унвони номзади дигари арзанда ном мебарад».
Таҳлилгарони ҳаводиси Қирғизистон ёдовар мешаванд, ки чунин изҳори назар кардани шахси аввали кишвар дар ҳоле аст, солҳои президентии Қурбонбек Боқиев (2005–2010),Атамбоев дар мавриди Омурбек Бабановдар ҳеҷ маврид суханони хуб нагуфта буд.
Чунин тағйири мавзеъ кардани ӯро, таҳлилгарон ба он вобаста медонанд, ки ғалабаи раиси «Республика-Ата-Журт» барояш беҳтар аз ғалабаи Темир Сариев - сарвазири дигари собиқ дар ҳукуматаш аст.
Аммо ба андешаи коршинос Одил Турдиқулов, айни ҳол номзадии
Омурбек Бабановро, ки аз шимоли кишвар аст, бештар ҷавононои тамоми минтақаҳои Қирғизистон пуштибонӣ менамоянд ва ин шанси ӯро барои ноил шудан ба ғалаба бештар мекунад.
Дар ҳамин ҳол эълон шудааст, ки пас аз як ҳафта - 21 август дар Қирғизистон ҳукумати сарвазир Сооронбой Жээнбеков,яке аз номзадҳои интихобот ба истеъфо меравад ва ҳайати ҳукумати нав ташкил мешавад. Ин рӯйдод дар маҷлиси ғайринавбатии парламенти кишвар ба вуқӯъ хоҳад омад.
Дар ҳамин ҷаласаи ғайринавбатӣ эҳтимол дорад,раиси парламент ҳам иваз шавад. Зеро раиси феълии он, узви ҲСДҚ Чинибой Турсунбеков муқобили иродаи ҳизб амал карда, хостори ширкат дар интихоботи президентӣ шуд ва номзадиашро бешбарӣ намуд. Акнун сиёсатмадорони ҳамкораш, ки бо ҳимояти онҳо ба вазифаи раиси парламент интихоб гардида буд, мавзӯи истеъфояшро аз ин мақом матраҳ мекунанд.
Алмосбек Атамбоев, Президенти Қирғизистон ҳам бар зарурати тағйирот ва ҷобаҷогузориҳои тоза дар ҳукумат ва парламент таъкид намуда гуфтааст, ки ин иқдом барои пешгирӣ аз истифодаи захираҳои маъмурӣ дар интихобот мусоидат хоҳад кард.
Вале қонунҳои Қирғизистон иҷозати боздошти муваққати салоҳияти раиси парламент Сооронбай Жээнбеков дар замони иштирок дар маъракаи интихоботи президентиро ҳам фароҳам намуда ва ӯ метавонад аз ин банди қонун ба суди худ истифода барад.
Аммо дар Қирғизистон на ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ба иқдомоти Атамбоев розӣ ҳастанд. Аз ҷумла Элмира Иброҳимова, ки чанде пеш бинобар ихтилофаш бо Президент аз мақоми раиси Палатаи ҳисоб истеъфо дода буд, бар ин назар аст, ки Атамбоев охирин имконоти худро барои таъини тарафдоронаш дар вазифаҳои калидӣ истифода мебарад, то ки пас аз интихобот ҳам имкони ҳузур ва нуфуз дар идораи соягии кишварро дошта бошад.
Алмосбек Атамбоев пас аз анҷоми давраи фаъолияти муваққатии Роза Отамбоева дар соли 2011 дар як интихоботи озод ба қудрат расида буд. Ӯ он замон ҳам аз сиёсатмадорони шинохта ва аз ҷумлаи тоҷирони муваффақ дар кишвараш буд.Муҳлати шашсолаи раҳбарии ӯ ба унвони президенти мунтахаб тирамоҳи имсол ба охир мерасад.
То чанд моҳи пеш маҳфилҳои сиёсии Қирғизистон интизор буданд, ки президент Атамбоев чӣ касеро барои ишғоли ин мансаб пешниҳод мекунад. Аммо то охирин лаҳза вай нафареро ба таври мушаххас ба унвони номзади худ пешбарӣ ва эълон накард.

Фақат 17 май вазъият каме равшан шуд. Президент ба шӯрои сиёсии ҳизби худ ҲСДҚ тавсия дод, ки дӯсти дерина ва ҳамҳизбиаш Сооронбой Жээнбеков, ки ҳоло мақоми сарвазирро дорад, ба намояндагӣ аз ин ҳизб номзади пешбарӣ шавад.
Аммо баъзе аз аъзои фаъоли ҳизби Атамбоев аз номзадии Жээнбеков розӣ нестанд ва мегӯянд, ки Президент худ дар ҷаласаи шӯрои сиёсӣ иштирок накард ва бо пешбарии Жээнбеков нагузошт, ки аъзои шӯро номзадии ӯро баррасӣ кунанд ва ё нафари дигареро дарбаробари вай номзад карда, баъдан аз роҳи овоздиҳӣ якеро интихоб намоянд.
Мухолифони ин пешниҳод инчунин мегӯянд, дар дастаи президент шахсони дигари сазовор низ ҳастанд ва аз сардори дастгоҳи иҷроияи президент Сапар Исаков, собиқ шаҳрдори Бишкек Исо Омуркулов ва раиси парламент Чинибой Турсунбеков ном мебаранд.
Шанси С.Жээнбеков зиёд аст
Ба ин далел шанси номзадии сарвазир барои пирӯзӣ дар интихобот зиёд дониста мешавад, ки ӯ аз шахсиятҳои шинохта ва бонуфуз дар қиёс ба бисёре аз номзадҳои дигар мебошад. Пеш аз ҳама ӯ аз ҷамоати таъсиргузор ва сершумори ҷанубиҳо дар ҳукумати Қирғизистон аст.Хешовандонаш ҳам аз сармоядорони шинохта буда, таъсири зиёди молию иҷтимоӣ дар ҷомеаи кишвар доранд.
Худи ӯ дар вазифаҳои гуногун кор карда ва муддате дар вазифаи сардори Хадамоти кадри Дастгоҳи иҷроияи президент дар интихобу таъини кадрҳо нақш дошт ва бегуфтугӯ онҳое, ки дар ин муддат мансаб гирифтаанд, то ҳадде вобастаи ӯ мебошанд.
Бародаронаш ҳам дар бахши тиҷорат одамони шинохтаанд вабарои ба қудрат расидани Сооронбой талош хоҳанд кард.
Танҳо чизе, ки метавонад барояш манфӣ бошад, чеҳраи ҷиддӣ ва ҳамеша яксону дурӣ ҷустанаш аз воситаҳои ахбори омма аст. Дар шабакаи интернетӣ аз ӯ интиқод мекунанд, ки дар муддати сарвазир буданаш боре ҳам бо хабарнигорон мусоҳиба накардааст ва касе ҳам намедонад, ки ӯ дар чӣ сатҳе изҳори назар мекунад.
Бино ба ақидаи коршиносон, бо тафовут аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон тарафдории кормандони давлатӣ ва истифода аз захираҳои идоравӣ кафолати ғалаба дар интихоботро ба касе намедиҳад .Аз ин сабаб ҳар номзад то охирин лаҳза умед ба кори таблиғотии худ мебандад, зеро метавонад дар пайи чанд суханронӣ шумораи ҷонибдоронашро ё афзоиш диҳад ва ё дар сурати ноуҳдабароёна будани изҳори назарҳояш теъдоде аз тарафдоронашро гум кунад.
Дар ин ҳолат таҳлилгарон аз мавзеи хуби Чинибой Турсунбеков, раиси ПарламентҚирғизистон ёдовар шуда мегӯянд: «Ба ин далел, ки вай ҳамеша пеши назари мардум аст ва таҷрибаи зиёди аз минбарҳо сухан гуфтанро дорад ва ҳам мавзеи хубе дар минтақаи шимоли кишвар ва дар Бишкекро соҳиб аст ва ба ҳар васила метавонад бо Жээнбеков рақобати ҷиддӣ дошта бошад. Аз сӯи дигар, ҳар ду аз як ҳизб ҳастанд ва ҳатто дар миёни ҳамҳизбиёнашон ҳам рақобатро эҷод мекунанд».
Омурбек Бабанов,Темир Сариев ва Бакит Торобаев ҳам аз дигар номзадҳои арзанда дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Қирғизистон ба ҳисоб мераванд.Бо вуҷуди ин саволҳое матраҳ мешаванд, ки «То кадом дараҷа интихоби президенти нав Қирғизистонро ба пеш, ба сӯи дастовардҳои нав мебарад? Ва оё раҳарияти нав метавонад суботи нисбӣ дар ин кишварро ҳифз кунад? Ва оё дар марҳалаи рақобатҳо номзадҳо аз пайдо шудани заминаҳои дигари ихтилоф дар ҷомеаи кишварашон пешгирӣ карда метавонанд ва онро пас аз интихобот ба бесрусомониҳои монанд ба солҳои гузашта, ки маҳз ихтилофи нерӯҳои сиёсӣ ва даъвои беҳади баъзеҳо бароикурсии раёсати ҷумҳурӣ боис шуда буд, бори дигар ба он вазъият намекашанд?»
Албатта, посухи мусбат ба ин саволҳо барои тоҷикистониҳо ҳам муҳим аст, зеро ҳамон 1 ҳазор километр марзи муштараке, ки дорем, ҳар рӯйдоди дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ омадаро барои мо ҳам боаҳамтият месозад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: