
Аз шумори умумии онҳое, ки барои номзад шудан ба мақоми президентии Қирғизистон ариза додаанд, 11 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд. Аз ин шумор 7 танашон доғи судӣ гирифтаанд. Дар ин бора раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова хабар медиҳад.
Ба гуфати вай, бархе аз номзадҳо чанд доғи судӣ доранд. 1 номзад ду маротиба барои қаллобӣ суд шудааст.
"Як ҳолати бемасъулиятӣ аз ҷониби номзадҳо дида мешавад. Қонунҳои мо либералӣ ҳастанд, ки бар асоси ин қонунҳо, номзад баъди адои ҳукм ё пардохти ҷаримаи додгоҳ ҳақ дорад дар интихобот ба ҳайси номзад иштирок кунад. Аммо, эҳтимол мисли Ғарб мо ҳам марҳилаи "танзими ахлоқӣ"-ро роҳандозӣ кунем. Ба ҳар сурат, Комиссияи марказии интихоботӣ дар асоси қонун фаъолият мекунад", - гуфт Шайлдабекова.
Ба гуфтаи вай, миёни талабкорони курсии президентӣ 7 зан ва 52 мард ҳастанд. 8 даъвогар дар мақомоти давлатӣ фаъолият мекунад, 7 тани дигар дар созмонҳои тиҷоратӣ, 29 нафар дар созмонҳои иҷтимоӣ. 9 тани дигар муваққатан бекор ҳастанд ва 6 каси дигар нафақахӯр.
Комиссияи интихоботӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои номзад шудан ба мақоми президентӣ ба охир расонд. Дар маҷмуъ, 59 нафар барои номзад шудан ариза додаанд.