Ба рӯзноманигори "сафедшуда"-и ӯзбек иҷозат доданд, ба ТВ баргардад8-08-2017, 10:26
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ӯзбекистон ахиран 56 сокини ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, аз ҷумла рӯзноманигор Хайруллоҳ Ҳомидов аз "рӯйхати сиёҳ"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун карда шуданд. Ба гуфтаи Ҳомидов, акнун ӯ метавонад ба кори худ дар ТВ ҳамчун шореҳи варзиш идома диҳад. Рӯзноманигори 42-сола ва шореҳи бозиҳои футбол Хайрулло Ҳомидов дар Ӯзбекистон бо шеърҳои мазҳабии худ маъруф аст. Ӯ дар суҳбат бо расонаи Kun.uz гуфт, "раҳбарияти ТВ акнун бе ягон тарс метавонад маро ба кор даъват кунад. Шореҳиро хеле пазмон шудаам". Пештар хабар доданд, зидди Ҳомидов, ки тобистони соли 2015 аз зиндон озод шуд, бар пояи банди нав -- 216 (Ташкили ғайриқонунии созмони ҷамъиятӣ ё динӣ"-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст. Худи ӯ гуфт, ҷузъиёти тафтишотро баъдтар шарҳ хоҳад дод. Номи Ҳомидовро, ки 5 соли умри худро бо айби мазҳабӣ дар зиндон пушти сар кардааст, ба рӯйхати махсуси гумонбарони узвият дар созмонҳои мамнуи динӣ ворид карда буданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.