Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова аз зиндон баргаштааст

Духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова аз зиндон баргаштааст

4-10-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова аз зиндон баргаштааст
Духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова, ки дар гирифтани пора аз чанд ширкати хориҷӣ айбдор ва дар ватан ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас озод гашта, ҳоло дар хонаи худ қарор дорад.

Ин хабар 1 октябр дар саҳифае дар Instagram нашр шуд, ки гӯиё ба духтари Гулнора Каримова - Имон Каримова тааллуқ дорад. Пештар хабаргузории "Фарғона" иттилоъ дод, ки Каримоваи хурдӣ 28 сентябр аз Тошканд ба Лондон парвоз кардааст.

Вале Додситонии кулли Ӯзбекистон хабари раҳоии Гулнора Каримоваро рад кард. "Каримова тибқи қонунгузорӣ, муҳлати ҷазои худро дар зиндон адо мекунад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Пештар ширкатҳои мухобиротии аврупоӣ ба Вазорати адлияи ИМА иқрор карданд, ки барои ворид шудан ба бозори алоқаи Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова чандин миллиард пора доданд. Додситонии кулли Ӯзбекистон ҳам Каримоваро дар пинҳон кардани даромадҳои чандинмиллионии худ аз мақомоти андоз ва азхудкунии амволи ғайр ба маблағи чандин миллион сӯм айбдор карда буд.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ иттилоеро дастрас кард, ки гӯиё Каримова моҳи август аз зиндон озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагист. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Каримова аз зиндони ноҳияи Зангиота озод шуда, ҳоло дар ҳабси хонагӣ дар манзили худ, воқеъ дар кӯчаи Содиқ Азимови шаҳри Тошканд қарор дорад.

Имон Каримова 28 сентябр пеш аз парвоз ба Лондон дар Instagram навишт, ки компютери ӯро дар фурудгоҳ сахт тафтиш карданд. Дертар, 1 октябр ин навиштаро гузошт, "бо ташкили ҷанҷолҳои сохта дар фурудгоҳ хостанд, таваҷҷуҳи маро ба дигар тараф ҷалб карда, маълумоти компютери манро пок кунанд. Ҳоло модарам дар хона аст ва шояд кадом як чизи муҳимеро мекофтанд".

Дар бораи Гулнора Каримова додситонии кулли Ӯзбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дода буд. Додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Вале як моҳ пеш баъзе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар доданд, ки Каримова моҳи август аз зиндон озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон гуфт, баргашти Каримова ба хонаи худ натиҷаи гуфтугӯҳои вакили дифои ӯст. "Ба Каримова шарт гузоштаанд, ки дар хонааш ором зиндагӣ кунад. Дар хонаи ӯ ҳатто Интернет нест", - афзуд манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: