Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳайати Human Rights Watch аз Ӯзбекистон боздид мекунад

Ҳайати Human Rights Watch аз Ӯзбекистон боздид мекунад

21-07-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Human Rights Watch аз Ӯзбекистон боздид мекунад

Ҳайати созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) баъди шаш сол аз қатъи фаъолияти ин созмон дар Ӯзбекистон ба Тошканд хоҳад рафт. Фаъолияти HRW дар Ӯзбекистон соли 2011 қатъ шуда буд.
Ин иттилоъро муҳаққиқи HRW дар умури Осиёи Марказӣ Стив Свердлов тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ҳайати созмон моҳи августи соли равон аз Ӯзбекистон боздид хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов 17 июл дар нишасти шӯрои Ӯзбекистон-Иттиҳоди Аврупо дар бораи сафари ҳайати HRW ба Тошканд ва эҳтимоли аз сар гирифтани фаъолияти созмон дар ин кишвар хабар дода буд.

"Созмонҳои дигар низ ба Ӯзбекистон меоянд ва бо онҳо ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо чизе барои пинҳон кардан надорем", - афзуд Комилов. Вале ба гуфтаи ӯ, омадани онҳо ба Ӯзбекистон маънои онро надорад, ки Тошканд ба ҳама шартҳояшон розӣ хоҳад шуд.

Фаъолияти HRW дар Ӯзбекистон чанд сол баъд аз ҳодисаҳои соли 2005 дар шаҳри Андиҷон ва ихтилофи назарҳо дар бораи шумори қурбониёни саркӯби мусаллаҳонаи эътирозҳои оммавии ин кишвар қатъ гашт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: