Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Рӯзноманигори ӯзбеки "Новая газета" Алӣ Фирӯз дар додгоҳ талоши худкушӣ кард

Рӯзноманигори ӯзбеки "Новая газета" Алӣ Фирӯз дар додгоҳ талоши худкушӣ кард

3-08-2017, 10:09
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзноманигори ӯзбеки "Новая газета" Алӣ Фирӯз дар додгоҳ талоши худкушӣ кард

Хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз, ки додгоҳ ба ихроҷи вай аз Русия қарор кард, талош кард худкушӣ кунад. Дар ин бора нашрияи "Новая газета" бо такя ба вакили дифои рӯзноманигор Даниил Хаймович хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вакил, Фирӯз замоне, ки нусхаи ҳукми додгоҳро дар долон интизор буд, талоши худкушӣ кард. Ӯро кормандони додгоҳ наҷот дода, ба боздоштгоҳи махсус бурданд. Рӯзноманигор гуфт, "марг беҳтар аз баргаштан ба Ӯзбекистон аст".

Ахиран додгоҳи ноҳияи Басмани шаҳри Москва қарори ихроҷи рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Норматов)-ро аз Русия содир кард. Ба иттилои хабарнигори махсуси нашрия Екатерина Фомина, Фирӯзро ҳамчунин 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима кардаанд.

Рӯзноманигори "Новая газета" Елена Костюченко гуфт, Фирӯзро пулис дар наздикии мактаби мусиқие боздошт кард, дар он таҳсил мекард. Дертар ба Алӣ аз мактаб навиштанд, ки шахсе бо либоси мулкӣ назди онҳо омада, пурсидааст, ки омӯзишгоҳ дар кадом бино ҷойгир аст. Ба гуфтаи Костюченко, зоҳиран Фирӯзро дар онҷо мунтазир буданд.

Алӣ Фирӯз, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст, 7 сол пеш маҷбур шуд, дар пайи фишори мақомоти махсуси ин кишвар ба хориҷ фирор кунад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, мақомоти махсуси ӯзбек ӯро ду рӯз шиканҷа карда, таҳдид карданд, ки агар ҳамкорӣ накунад, ҳамсари ҳомиладорашро хоҳанд кушт. Моҳи июн ба рӯзноманигор хабар дода шуд, ки мақомоти рус ба дархости паноҳандагияш ҷавоби рад доданд ва Хадамоти муҳоҷирати Русия низ ба консули "кишвари аврупоӣ" иҷозат надод, ки ӯро бо худ барад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: