Машварати дастурдиҳӣ20-10-2015, 08:46
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи кори кумиҷроияи нохиявӣ дар минтақаи Чашмасор бо иштироки роҳбарони ташкилотхои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб машварати дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар кори машварат мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроия Охунова А. ва аъзои кумиҷроия Дадохучаев Н. ширкат варзиданд.
Охунова А. оид ба вазъи сиёсии ҷахони муосир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалигардонии қонунҳои ҶТ дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», пешгирии ҳодисаҳои номатлуб суханронӣ намуда, ҳамзамон дар бораи такмил ва густариши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, дар сатхи зарурӣ ба рох мондани корҳои таблиғотӣ, зиёд намудани аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони барӯманд, таҳлили ҳайати сифатии аъзои ҳизб истода гузашт. Дадохучаев Н. оид ба охирон руйдодхои кишвар, баргузории соатҳои сиёсӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ, роҳу усулҳои муосири корҳои таблиғотии хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол баромад кард. Хангоми мубодилаи афкор директори МТМУ №65 Рахматов М, аъзои гуруҳи таблиғотӣ Усмонова М, аъзои фаъоли хизб Бойганов Г. таклиф намуданд, ки чунин машваратхои дастурдихӣ хар семоҳа гузаронида шуда, маводхои омузишӣ дастрас карда шавад. ©Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.