Кори идеологӣ омӯзишро тақозо дорад23-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Аз рӯйи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, имрӯз, 23-юми октябри соли 2015, дар толори маҷлисгоҳи кумитаи иҷроия бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандон-масъулини кумиҷроия семинари омӯзишӣ-дастурдиҳӣ гузаронида шуд.
Семинари мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Алиҷон Назаров ифтитоҳ намуда, оиди сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳамаро ба ҷоннокнамоии фаъолияти ҳизбӣ даъват кард, зеро «фаъолияти сидқӣ баракати хоса дорад, ки дар ободии Ватан низ таъсиррасон мешавад». Семинар фарогири ҳамаи масоили дохилиҳизбӣ буд ва ба иштирокчиёни он барои боз ҳам хубтар ва ҷоннок кардани кори ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолияти тарғиботӣ дастурҳои судманд дода шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.