Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара15-10-2015, 08:30
Хабарро хонданд: 519 нафар
Назарҳо: 0
Дар мачлисгохи хизб ҷаласаи Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо ширкати аъзои Кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Дар он масъалаи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо сабаби ба кори дигар гузаштани раиси Кумитаи иҷроия Муртазо Эгамов мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласа таҳти сарварии раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов гузашт. Раисикунанда роҷеъ ба фаъолияти Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳарф зад. Ӯ баъдан зикр дошт, ки бо пешниходи Кумиҷроияи вилоятй ва бо розигии Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа Асадуллоев Бурхонбек пешниҳод мешавад. Дар овоздиҳии кушод аъзоёни ҳизб ҳама якҷоя ба ҷонибдории номзад овоз доданд. Оид ба масъалаи баррасишуда карорхои дахлдор кабул гардид. Дар кори ҷаласаи ҳизбӣ муовини Раиси шаҳри Исфара Таборакхон Файзуллоева иштирок доштанд. Дар нихояти мачлис Сарфароз Юнусов оид ба вазифахои минбаъдаи аъзои ХХДТ вазифагузорй намуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.