Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»

Тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»

5-08-2017, 14:37
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»
Бо ташаббус ва иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 10-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вохӯрӣ оид ба фаҳмонидани моҳияти Қонуни мазкур бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева гузаронида шуд.
Сараввал муовини сардори Раёсат бо сухани ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки қабули ин Қонун аз тарафи Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббусҳои беҳтарин буда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Воқеан қабули ин қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева оиди мақсад ва аҳамияти қабул гардидани қонуни мазкур ибрози ақида намуд. Зикр шуд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории маъракаҳо ба инобат гирифта шуданд.
Дар рафти ҷамъомад байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Собиқадори Раёсат Содиқов О. бобати татбиқи қонун фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки қонунро дар амал татбиқ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: