Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Қонуни миллӣ 10-сола шуд

Қонуни миллӣ 10-сола шуд

11-07-2017, 10:18
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Қонуни миллӣ 10-сола шуд
ГУЛИСТОН. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият маҳсуб гардида, бо иқдоми бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди назаромӯзии сокинони кишвар ба ҳукми қонун даромад, ки ҳама аз он боифтихор қонуни миллӣ ном мебаранд. Бояд гуфт, ки зарурияти қабули Қонун гирифтани пеши роҳи афзоиши сатҳи камбизоатӣ мебошад. Барои решакан намудани он омилҳое, ки ба камбизоатӣ мусоидат мекунад, қабули чунин қонуни миллӣ зарур буд. Яке аз чунин омил ва зуҳурот исрофкорию хароҷоти зиёди мардум дар маъракаороиҳо аст. Чунин исрофкориҳо дар Тоҷикистон маҳз ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ ба назар мерасид. Тартибу усули гузаронидани маросими дафну азодорӣ ва барпо намудани тӯйҳои мо бори гароне болои мардуми камбизоат гардида буд. Мардум одатан ба сахтӣ маъракаҳоро гузаронида, муддатҳо барои баргардонидани қарз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда, мазмуну муҳтавои ҳаёти инсониро дуруст дарк намекарданд. Пешвои миллат ба маврид қайд карданд, ки ҳаёти аксарияти мардуми мо бо гузаронидани силсилаи маросиму маъракаҳои пайдарпай сипарӣ мегардаду онҳо доир ба мазмуну моҳияти аслии зиндагӣ ва рисолати инсонии хеш кам фикр мекунанд. Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин замина Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон нақша-чорабинӣ таҳия намуда, дар ҷамоати шаҳракҳо, маҳаллаҳо вохӯрии васеъ, мизи мудаввар, конфронси илмӣ доир намуд. Санаи 06-уми июли соли равон бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар шаҳраки Адрасмон, раисони маҳаллаҳо, фаъолон,ҷавон ва собиқадорони ҳизб вохӯрии васеъ ташкил ва гузаронида шуд. Вохӯриро муовини ТИ ҲХДТ дар шаҳраки Адрасмон Содиқов Абдулмаҷид ҳусни ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас Раиси Кумитаи Иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромади худ таъкид намуданд:«То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда наметавонем. Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».Баъдан раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳр Каромат Қосимова ва муовини Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Сановбар Нуруллоева оид ба натиҷаи амалигардонии дилхоҳу назарраси Қонуни мазкур ибрози ақида намудаанд ва мисолҳои амиқу равшан оварданд.Баъди баромади меҳмонон сокинони шаҳрак низ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ба музокира бароманд. Аз ҷониби Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-Соли ҷавонон эълон гардид, дар ин замина дар поёни вохӯрӣ 10 нафар ҷавонони фаъолу зираки шаҳрак ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аъзо гардида, бо тантана шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон барои хизматҳои шоён ва амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу суботи сиёсӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштаниэътибору нуфузи ҳизб дар байни омма ба аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳрак Насиба Нурматова бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИШ ҲХДТ қадрдонӣ карда ш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: