Ҳифзу нигоҳдошти анъана, ҷашну маросимҳои миллӣ - мароми мо!2-08-2017, 09:26
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 10-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хун»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фаҳмонидани моҳияти Қонуни мазкур гузаронида шуд. Қонуни мазкур анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ин ва дигар нуктахои чолиб дар баромади мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд З.Бобоева мавриди баррасӣ қарор гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.