Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Палатаи ҳисоб 75,7 млн сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки дар натиҷа 6 нафар мансабдорон аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд

Палатаи ҳисоб 75,7 млн сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки дар натиҷа 6 нафар мансабдорон аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд

4-08-2017, 08:31
Хабарро хонданд: 141 нафар
Назарҳо: 0
Палатаи ҳисоб 75,7 млн сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки дар натиҷа 6 нафар мансабдорон аз вазифаашон сабукдӯш гардиданд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи 75,7 млн сомонӣ муайян карда шуд. Ин нуктаро имрӯз Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ба гуфтаи Раиси Палатаи ҳисоб, аз маблағи умумии зарари молиявӣ талафи воситаи пулию молӣ 16,4 млн.сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо 39,3 млн. сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 5,8 млн. сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 2,6 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 11,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар нишаст зикр шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017 ба вазорату идораҳо ва корхонаҳои санҷидашуда тавсияву пешниҳодҳо ирсол намуд, ки аз натиҷаи баррасии он бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 69 қарору фармон қабул гардид. Барои содир намудани камбудиҳо нисбат ба 153 нафар шахси масъули ҳисоботдиҳанда муҷозоти маъмурию моддӣ татбиқ ва 6 нафар аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: