Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Афзоиши ҳаҷми содироти мол ба хориҷ

Афзоиши ҳаҷми содироти мол ба хориҷ

3-08-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Афзоиши ҳаҷми содироти мол ба хориҷ
Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷ нисбат ба воридот зиёд гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ ё 36 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Манзура Рустамова, мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 99 давлати ҷаҳон ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ монда, ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Қазоқистон - 17%, Шветсария - 14%, Русия - 19%, Афғонистон – 8%, Покистон – 5 %, Чин – 4,5 %, Тайван – 4,3%, Эрон – 3,1%, Ӯзбекистон – 2,2%, Италия – 1,3%, Қирғизистон – 0,9% ва Латвия – 0,6% афзудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми воридоти мол аз давлатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 72,9 миллион доллари ИМА коҳиш ёфта, воридоти мол аз Русия - 31,6%, Чин – 31,5%, Қазоқистон – 15, 1%, Туркия – 3%, Туркманистон – 3%, Эрон – 2%, Ӯзбекистон-1%, Покистон – 1,6%, Италия-0,8% ва аз Беларусияву Украинаву Қирғизистон мутаносибан 0,5% - ро ташкил додаст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 1 миллиарду 918, 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 1 миллиарду 499,8 миллион ба воридот ва 418,6 миллион ба содироти мол рост меояд.

Манзура Рустамова оид ба фаъолияти Палатаи савдо дахл карда афзуд, ки дар шаш моҳи соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмуии хизматрасониҳояш 978 ҳазор сомонӣ ба даст оварда онро ба 101,1 фоиз расонидааст. Аз маблағи ба дастомада 839 ҳазор сомонӣ барои фаъолияти ҷории палата хароҷот шуда, 99 ҳазор сомонӣ даромади соф дар тавозун боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкоронро дар гузаронидани экспертизаи маҳсулот, рақамгузории маҳсулот (штрихкод), машварати ҳуқуқӣ, иттилоот, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва сармоягузорон, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо дастгирӣ менамояд. Айни замон шумораи соҳибкорон – аъзои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба 700 нафар мерасад, ки ин дар муттаҳиду босамар намудани фаъолияти корхонаҳо дар таҳкими робитаи тиҷоратиашон бо шарикони хориҷӣ мусоидат мекунад.
Н. Абӯалӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: