«Таблиғот-тавассути созандагию бунёдкорӣ» дар ноҳияи Темурмалик3-08-2017, 11:41
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Таблиғот- тавассути созандагию бунёдкорӣ» ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба истиқболи ҷашни дар пешистодаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо ҷалби аъзо ва ҷонибдори ҲХДТ корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Рӯзҳои 31 июл ва 1 августи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик бо иштироки муташаккилонаи коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ситодҳои доимиамалкунандаи таблиғотии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ҳашарҳои дастҷамъона баргузор гардид. Аз ҷумла дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода, дар бинои Қасри фарҳанг, Маҷмааи варзишии ноҳия, Гимназияи давлатӣ ва кӯчаҳои марказӣ корҳои ободонию созандагӣ бо мақсади тоза кардани ҷӯйборҳо, сафеду таъмир намудани биноҳои истиқоматӣ, сангфаршу ҳамвор намудани роҳҳои кӯчаҳо, деворбандӣ намудани гирду атрофи маҳаллаи назди Гимназия, ба тартиб даровардану сабзазор кардани боғи фарҳангию-фароғатӣ ва амсоли онҳо ба ҷо оварда шуданд. Ҳамзамон гирду атрофи зербинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ба пуррагӣ маҳкам карда шуд. Инчунин бо амри узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Темурмалик Аслзода Муҳриддин аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва раисони маҳаллаҳо, гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотӣ таъсис дода шудааст, ки бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар байни аҳолӣ фаъолияти ҳамарӯза бурда истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.