Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ17-03-2016, 14:05
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои миллию давлатӣ Наврӯзи байналмилалӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза гирифта истодааст. Чунончӣ дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари ноҳия ҳашарҳои умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ» баргузор гашта истодаанд.
Боиси дастгирист, ки бо қарори раиси ноҳияи Темурмалик М.Гулмаҳмадзода маъракаи «470-рӯзи корҳои ободонию созандагӣ» ва ҳамзамон соли 2016 «Соли гулҳо» эълон карда шудааст. Марбут ба ин қарорҳо аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва дигар қишрҳои аҳолӣ ба ҳашар баромада, ба миқдори зиёд гулу гулбутта ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида истодаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.