
Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо ва хоҷагиҳо вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид , мудири шуъбаи таблиғот , иттиллот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир рӯзи 19 сентябри соли 2018 дар деҳаи Чавроқ, ҷамоати деҳоти Кангурт рост омад Зимни машғулияти хониши сиёсӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар мавзуи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, инчунин дар масъалаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиӣ суханронӣ кард.
Њамзамон аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон , раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Аслзода Эмомиддин Муҳриддин ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли ҷорӣ оид ба ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳозирин маърӯза кард .
Доир ба суханронии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳаи Чавроқ , вакили ҷамоати деҳоти Кангурт Мирзоалиев Орзу ва вакили ноҳиявӣ Салимзода Алихон вобаста ба ин хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён карданд .
Дар ҷараёни мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ҳозиринро даъват намуд, ки маълумотҳои аз хониши сиёсии имрӯза гирифтаи худро ба аҳолӣ ба таври аниқ расонанд .
Машғулияти сиёсӣ ба сокинони деҳаи Чавроқ , ҷамоати деҳоти Кангурт , ноҳияи Темурмалик таассуроти хуб бахшид