Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Духтарони ӯзбек дар як чорабинӣ хиҷобро намоишкорона аз сар бадар карданд

Духтарони ӯзбек дар як чорабинӣ хиҷобро намоишкорона аз сар бадар карданд

2-08-2017, 14:57
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Духтарони ӯзбек дар як чорабинӣ хиҷобро намоишкорона аз сар бадар карданд

ДУШАНБЕ, 02.08.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар чорабинии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё чанд нафар духтарон намоишкорона хиҷобҳояшонро аз сар кашиданд. Дар ин бора Радио «Азаттык» (бахши қирғизии Радиои «Озодӣ») бо истинод ба маълумоти ҳокими вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов, ки дар саҳифаи худ дар «Facebook» нашр кардааст, хабар дод.
Дар ин иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарму ҷӯшон муҳокима мешавад, таъкид мегардад, ки «духтарони ба равишҳои гуногуни динӣ таваҷҷуҳдошта аз баргузории фестивали ҷавонон илҳом гирифта, ҳиҷобро аз сар кашиданд ва дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд».
Хабарнигори Радиои «Озодлик» (бахши ӯзбекии Радиои «Озодӣ») барои шарҳ додани ин қазия ба ҳокими ноҳияи Музробод Улуғбек Қосимов муроҷиат кардааст. Корманде, ки худро ҳамчун ёрдамчии ҳокими ноҳия муаррифӣ намудааст, ба хабарнигор гуфтааст, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи «Гулобод» аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон фестивали ҷавонон таҳти шиори «Фидойинг бўлгаймиз сени, Ўзбекистон!» («Муҳаббат ва садоқати ман ба ту- Ӯзбекистон!») ташкил карда шуд ва духтароне, ки дар он иштирок доштанд, бо хоҳиши худ ҳиҷоб (рӯймоли мусулмонӣ)-ро аз сар бадар намуданд.
Бино ба гуфтаи корманди ҳукумати ноҳия, ин духтарон «таҳти фишори волидонашон, ки ба ифротгароии динӣ майл доштанд, ҳиҷоб мепӯшиданд ва акнун ихтиёран қарор доданд, ки аз рӯймоли мусулмонӣ даст кашанд».
Ӯ афзуд, ки «ҳукумати ноҳия ба духтарон фармон надодааст, ки ҳиҷобҳоятонро кашед, онҳо ин корро бо ихтиёри худ карданд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: