Ӯзбекистон ифторҳои бодабдабаро дар Рамазон манъ кард29-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар арафаи моҳи Рамазон ба ҳокимияти шаҳри Тошканд тавсия додааст, баргузории ифторҳои пуриздиҳомро дар тарабхона, ошхонаи ҷамъиятӣ, масҷид ва хонаҳо манъ кунад.
Ба гуфтаи шайх Абдулазиз Мансур, муовини раҳбари ин идора, тавсияи мазкур дар асоси таърихи Ислом сурат гирифтааст. "Дар давраи паёмбар (с) ифторро барои шахсоне баргузор мекарданд, ки ҳангоми рӯзакушоӣ чизи хӯрдание намеёфтанд. Вале дар замони мо он ба як зиёфати шоҳона табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо тавсия додему ҳокимияти шаҳр ҳам манъ кард. Имсол дар тарабхона ва ошхонаҳои ҷамъиятӣ ҳеч гуна ифтор баргузор нахоҳад шуд", - гуфтааст вай дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ. Шайх Абдулазиз мегӯяд, имсол ба ӯзбекистониҳо тавсия шудааст, ифторро дар хонаҳояшон бе дабдаба баргузор кунанд. Ёдрас мешавем, дар Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 2014-2015 маҳдудият дар баргузоркунии ифтор ҷорӣ шуда буд. Соли гузашта баъди чандин солҳо ба барпо кардани он дар масҷидҳо иҷозат доданд. Вале имсол он ҳам манъ гардид. Ба ҷуз ин, ҳукумати Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба саффи гуруҳҳои ифротгарои мазҳабӣ иштироки наврасон дар намозҳои ҷамоатро ҳам манъ кардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.