Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк»-и ноҳияи Спитамен расман ифтитоҳ гардид

Гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк»-и ноҳияи Спитамен расман ифтитоҳ гардид

3-03-2018, 10:01
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
 Гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк»-и ноҳияи Спитамен расман ифтитоҳ гардид

СПИТАМЕН, 02.03-2018/АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода, муовини якуми ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекобод Зафар Файзуллоев ва дигар шахсони расмӣ бо ширкати ҳазорон сокинони ду минтақаи сарҳадӣ гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк» ифтитоҳ ёфт.

Баъд аз буридани лентаи рамзӣ ва садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода иброз дошт, ки «ифтитоҳи расмии гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаштияк», ки бо ташаббуси роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ мегардад, боиси рӯҳбаландӣ ва хушҳолии халқҳои тоҷику ӯзбек гардидааст».

Таъкид гардид, ки дӯстӣ сарҳад надорад ва изҳори умед карда шуд, ки дар оянда муносибатҳои дӯстонаву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ин ҳам бештар ривоҷу равнақи тоза меёбанд.

Баъдан муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, муовини аввали ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алимардон Қаршиев, ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Спитамен Марҳамат Абдулҳаева, собиқадори меҳнат аз шаҳри Бекобод Абдуллоҷон Истамов сухан гуфта, сокинонро бо ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод намуданд. Намояндагони ҳарду давлат аз намоиши ҳунарҳои миллии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекобод боздид намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: