Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муҳокимаи бурду бохтҳо дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Муҳокимаи бурду бохтҳо дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

2-08-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Муҳокимаи бурду бохтҳо дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич мулоқот бо сокинони деҳоти Қалъачаи Азим ва Қалъачаи Раис баргузор шуд, ки мавзӯъи асосии он баррасии натиҷаҳои иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» буд.
Дар аввали мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилзода ба сухан баромада, муҳтавои асосии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бобати 10 солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баён намуда, қайд кард, ки Сарвари давлат чун ҳамешагӣ нисбати халқу Ватани хеш ғамхорию эътибори ҷиддӣ дода, баҳри таъмини некӯаҳволии сокинони кишвар тамоми имкониятҳои мавҷударо равона намуда истодаанд. Ҳама вақт ва ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки зиндагии арзандаю шоистаи мардуми Тоҷикистон таъмин гардад ва баҳри ин ҳадафи асосию олӣ иқдому сиёсати беҳтарини иҷтимоиро татбиқ намуда истодаанд.
Муборак Ғайбуллоева – собиқадори ҳизб ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар маърӯзаи худ аз бурду бохтҳои амали қонуни зикршуда мисолҳои равшану возеҳ оварда, зикр намуд, ки натиҷаҳои мусбию муваффақиятҳои иҷтимоиву иқтисодии риояи талаботҳои қонун – ин дастоварди ногусастании мо буда, бохти риоя накардани талаботҳои меъёрӣ – ин камбудиву бар зарари худи мо мебошад. Зеро мардуми дурандеш барои беҳбудии хеш сиёсати Сарвари давлатро татбиқ менамояду қонунҳоро риоя ва баъзе афроди кӯтоҳандешу тақлидкор бо зиёдаравию вайрон намудани талаботҳои меъёрӣ ҳам ба иқтисодиёт, ҳам ба иҷтимоиёт ва ҳам ба ояндаи осудаи хеш зарар мерасонад.
Дар хотимаи мулоқот аз ҷониби раиси шӯрои маҳаллаи деҳоти Қалъачаи Раис ва Азим – Додоҷон Шарипов оиди риоя меъёрҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар маъракаю ҷашнҳои деҳот ҳисобот дода шуда, инчунин ба саволҳои аҳли нишаст посухҳои лозимӣ дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: