Кафолати зиндагии шоистаи мардум27-07-2017, 10:34
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон, ки сокинонаш дар айёми таҳаввулотҳои гуногуни ҷаҳонӣ даврони хушрӯзиву хушиқболиро аз сар гузаронида истодаанд, саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро дар муҳайё намудани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ хурду бузурги мамлакат бо тамоми ҳастияшон эҳсос намудаанд. Яке аз ҳазорон омилу мисолҳои равшани шаҳодатдиҳандаи ба ормонҳои худ расидани халқи тоҷик – ин қабул ва 10 сол инҷониб мавриди амал қарор ёфтани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб меёбад. Бино ба гуфтаҳои болоӣ ва тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гуруҳи корӣ бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Деваштич мулоқоту суҳбатҳоро бо сокинони маҳаллаву деҳот бобати ба самъи онҳо расонидани нуқтаҳои асосии мулоқоти Роҳбари мамлакат бо аҳли фаъолони кишвар доир ба 10 солагии қабули қонуни танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор намуда истодааст. Дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо аъзои шӯрои собиқадорону бонувон ва сокинони фаъоли деҳаи мазкур мулоқот баргузор шуда, дар он аз ҷониби аъзои Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Комрон Исмоилзода доир ба самараҳои манфиатбахши амали даҳсолаи қонуни зикршуда сухан ронда, зикр гардид, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари самти таъсиррасонии мусбӣ ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ доштанаш, инчунин дар татбиқи дигар санадҳои меъёрӣ амсоли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи буҷети давлатӣ» ва даҳҳо қарору стратегияву барномаҳои давлатӣ низ таъсири мусбии мусоидаткунанда мерасонад. Яъне, агар ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи чаҳорчӯбаи қонуни зикршудаи танзимкунандаи анъанаву ҷашну маросимҳо фаъолият намояд, бешак дар амалишавии дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ саҳми босазои худро гузошта, ҳамчун узви фаъоли ҷомеа нақши муайяни созандаи худро дар пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар мегузорад. Зеро сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат як низому занҷираи мукаммалу муташаккилонаи ногусастание мебошад, ки барои соҳибихтиёриву демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдиву дунявият ва ягонагиву иҷтимоиёти волои ҷомеаву давлат нигаронида шуда, тамоми кӯшиш барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона шудааст. Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.