Вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ2-08-2017, 08:56
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади бурдани корҳои тарғиботӣ доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳалҳо бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро роҳандозӣ намуд. Зимни мулоқоту вохӯриҳо доир ба риояи Қонуни мазкур, ба зиёдаравӣ роҳ надодан, дар доираи Қонун оростани маъракаҳои тӯю азо, танзими ҷиҳози арӯсон ва ғайра дар ташкилотҳои ибтидоӣ сӯҳбат гузаронида шуд. Дар вохӯриҳо аъзоёни фаъоли ҳизб Туйғунова Тӯҳфа, Ҷабборова Шафоат, Ҷумъаева Дилафрӯз, Абдулхзода Муҳаммадҷон, Муродов Айём низ доир ба риояи Қонуни мазкур изҳори ақида намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.