Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОРҲОИ ТАРғИБОТӢ БАРОИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУН

КОРҲОИ ТАРғИБОТӢ БАРОИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУН

28-08-2017, 09:13
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
КОРҲОИ ТАРғИБОТӢ БАРОИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУН

Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хати роҳ» бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ш. Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, раиси КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар ғоиб, мудири раёсати маорифи МИҲД-и ш. Кӯлоб Раҳмонзода Абдулманон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар навбати худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул суханронӣ карда, қайд дошт, ки дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути васоити ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 – солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд. Мақсади тағйиру иловаҳо ба ин қонун пеш аз ҳама сади роҳи исрофкорӣ гардидан, такмили қонуни амалкунанда ва таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ равона шудаааст.

КОРҲОИ ТАРғИБОТӢ БАРОИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ҚОНУН
Дар фарҷом ба аъзои фаъоли ҳизб барои саҳи арзанда гузоштан ва амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба Ифтихорномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.











Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: