Ҷаласаи ҳизбӣ27-07-2017, 10:58
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
АШТ. Рӯзи гузашта дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроия, кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ширкат варзиданд. Ба баррасии ҷаласа масъалаҳои зерин пешниҳод гардид: 1.Ворид намудани илова ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ 2.Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3.Доир ба масъалаи тартиби ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ва риоя намудани муқаррароти Оиннома ва Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ» дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 4.Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ «Дар бораи қабул ба аъзогии ҳизб» 5.Масъалаҳои ташкилӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Баҳриддин Зиёӣ кори маҷлисро оғоз бахшида, нисбати ҳар як масъала ибрози назар ва баҳри пешравии кор тавсияҳо пешниҳод намуд. Аз ҷумла баҳри пешрафти фаъолияти ҳизбӣ ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб илова ворид гардида, инчунин зикр карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода бошанд. Ҳамзамон баҳри риояи муқаррароти Оиннома ва Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ» ба масъулини Кумиҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ «Дар бораи қабул ба аъзогии ҳизб» низ тасдиқ карда шуд. Дар интиҳо барои ташкили саривақтӣ ва муташаккилонаи маъракаи обуна ва иҷроиши пурраи он ба ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву ташкилотҳо миннатдории Кумитаи иҷроия изҳор карда шуда, қайд гардид, ки натиҷаи обуна дар охири сол ҷамъбаст гардида, пешсафон қадрдонӣ карда мешаванд. Дар маҷлис муовини якуми Раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ иштирок ва баромад намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.