Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Кумаки мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаҳои камбизоат

Кумаки мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаҳои камбизоат

31-07-2017, 10:24
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Кумаки мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаҳои камбизоат
Аз моҳи ноябри имсол ҳамаи хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон барои ҳар узви оила 100 сомонӣ кӯмак дарёфт хоҳанд кард.
Ба ин манзур дар буҷети Тоҷикистон бо машварати Иттиҳоди Аврупо ва ёриҳои молии шарикон 80 миллион сомонӣ ихтисос шудааст. Ин кӯмак дар се моҳ як бор расонда мешавад.


Дар гузашта низ ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи кӯмак ба камбизоатон ва поин бурдани мизони фақр дар Тоҷикистон маблағҳоеро ихтисос дода буданд. Мақомот мегӯянд, ин кӯмакҳо тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ ва баъди номнавис шудани афроди камбизоат расонда хоҳад шуд.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ин тарҳ бо машварати Иттиҳоди Аврупо ва бо кумаки молии шарикони рушди Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, то кунун дар се ноҳияи кишвар ба таври озмоишӣ роҳандозӣ шудааст. Ӯ афзуд, "нахуст ин тарҳ дар се ноҳияи озмоишӣ ё пилотӣ татбиқ карда шуд ва ҳамакнун дар тамоми ҷумҳурӣ иҷро карда мешавад. Ба ин манзур дар буҷети соли ҷории Тоҷикистон барои расондани кумаки молӣ ба оилаҳои камбизоат 80 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст."
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: