Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамоиши бонувон

Ҳамоиши бонувон

31-07-2017, 09:59
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши бонувон

Бо ҷалби занони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Шурои занони ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзили шаҳри Норак, бо иштироки занони хонанишин, модарони рӯзгордида, ҷавондухтарон, ҳамоиши бонувон бахшида ба 10 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш вакилони Мачлиси вакилони халқи шаҳр, муовини раиси шаҳр, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони мақомоти иҷроия ба масъалаҳои қонуни мазкур суханронӣ намуда, дастуру ҳидояҳтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузашти як даҳсола қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ-забон, рафтору кирдор, либоспӯшӣ, симои бегонапарастӣ, суннатҳои диннӣ, ҷашну маросимҳо, низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои миллиро ба танзим дароварда, мавқеи муҳимро дар байни оммаи халқ касб кардааст, бо мисолҳои мушаххас ба бонувон фаҳмониданд.
Бонувони фаъол модарони рӯзгордида, фикру ақидаҳои худро баён карда, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат додаро ҳамагон якдилона қабул карданд ва қонунеро, ки барои ҳифзу арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат кардааст, дар зиндагӣ ва рӯзгори хеш сармашқ намуда, баҳри амалӣ шудани он хамаҷониба кушиш мекунанд .

Мудири шуъбаи кор бо зан
ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ш. Норак
М. Ғуриева



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: