Зан – танзимгари оила12-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Бо даъвати аъзоёни ҲХДТ аз корхонаю муассисаҳо, ҷонибдорони ҲХДТ, занони фаъоли хонанишин, шурои занони Ҷамоатҳои деҳот, шаҳр ва модарони рӯзгордида мизи мудаввар зери шиори «Зан - танзимгари оила» баргузор гардид, ки бонувони фаъол асосан оиди масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла зиёд будани талоқ дар байни ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар оила ва амсоли дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Занони фаъол қайд карданд, ки Сарвари кишвар, Пешвои муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштааш дар қатори дигар соҳаҳо ба масоили занону бонувон ва ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Иқдоми хеле муҳими сарвари давлат ин эълон гардидани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» мебошад, ки ин иқдом танҳо барои як сол нест. Ин қадами устуворе дар бунёди ҷомеи солим ва такони зеҳнҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Мо занон бояд суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш насозем, ки гуфтааст: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд», ки танзимгари он маҳз зан-модар мебошад. Бузурге фармудааст саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст. Бояд гуфт, ки вазифаи зан дар оила ин ба танзим даровардани оила, яъне баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, тайёр намудани фарзандон баҳри ҳифзи марзу буми Ватан-Модар аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки диқкати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.