Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷаласаи Шӯрои занон доир гардид

Ҷаласаи Шӯрои занон доир гардид

19-07-2017, 10:38
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи Шӯрои занон доир гардид

МАСТЧОҲ. Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи Шӯрои занони кумиҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид. Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров мудири нави бахши кор бо занони кумиҷроияро муаррифӣ намуда, доир ба аҳдофи шӯрои имрӯза маълумот дод. Ҳамчунин, зимни суханронӣ Дилшод Зокиров доир ба мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки ба муносибати 10- солагии Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардида буд, ҳарф зада, таъкид намуд, Қонуни мазкур тавонист пеши роҳи харҷи бисёрро гирифта, сатҳи камбизоатиро поён барад. Мудири бахши кор бо занони кумиҷроия Мунира Ашӯрова доир ба нақши бонувон дар пешрафти ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонунҳои ҷории кишвар ва амалисозии Барномаи ҲХДТ сухан гуфта, иброз намуд, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон ниҳоят бузург аст ва Сарвари давлат ҳамшеа барои дастгирии ин қишри ҷомеа иқдом менамоянд. Дар идома Фазилат Шарифова, Гулбаҳор Авезова, Замира Азизова ба сухан баромада, андешаҳои худро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани бахш ва Шӯрои занон иброз намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: