Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба истифода додани майдончаи варзишӣ

Ба истифода додани майдончаи варзишӣ

31-07-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
           Ба истифода додани майдончаи варзишӣ
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф сохтмони майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои 6 ва 8-ум, воқеъ дар кӯчаи Айнӣро, ба итмом расонида ба истифода дод.
Сохта ва ба истифода додани чунин иншооти варзишӣ ва истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон, шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Соли ҷавонон” мебошад.
Боиси зикр аст, ки иқдоми мазкур, ҳамчунин ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Сохтмони майдончаи варзишӣ (бозии волейбол, баскетбол ва футбол) ва майдончаи бозии кӯдакон муддати се моҳ давом карда, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Майдончаи мазкур бо тамоми таҷхизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, ҳамзамон дар он барои истироҳати сокинон ҷойнишастҳо пешбинӣ гардидааст.
Сокинони биноҳои зикргардида аз ташшабусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ дар ш. Душанбе истиқбол намуда, миннатдории бепоёни худро изҳор намуданд.

Лоиҳакаши асосӣ: КВД Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз”
Маблағгузор ва пудратчии асосӣ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
3.Сохтмончӣ-пудратчӣ: Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии (КВТС)–и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғолиби озмуни тендерӣ).

Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 563 000 (панҷсаду шасту се ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии майдончаҳо тибқи лоиҳаҳои корӣ 1160 м2 –ро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар масоҳати зиёда аз 600 м2 берун аз лоиҳаҳои корӣ, корҳои ободонӣ ва дизоркунӣ иҷро карда шудааст.
ончаи варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ба талаботҳои стандарти давлатӣ ва Қоидаҳои меъёрии сохтмон (ҚМС) чавобгӯ буда, дар таҳияи лоиҳа ва пешбурди корҳои сохтмонӣ хулосаҳои зарурии Хадамоти назорати давлатии сохтмон, сарраёсати меъмори ва шахрсозӣ, КВД “Обу корези шахри Душанбе”, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор ба назар гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: