Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи дармонгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт

Ифтитоҳи дармонгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт

27-09-2016, 11:29
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматрасонии дармонгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуда, ба иҷрои корҳои анҷомёфта ва бунёди биноҳои нав баҳои баланд доданд.

Дармонгоҳ дар як мавзеъи зебо ва хушбоду ҳавои ноҳияи Рашт бунёд карда шуда, аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд. Дар биноҳои алоҳидаи осоишгоҳ шароити мусоиди истироҳат фароҳам буда, барои калонсолону кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бунëд карда шудааст.

Дармонгоҳ дорои ошхона барои 65 нафар, майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.

Барои дармонбахшию истироҳати кормандони ҳифзи ҳуқуқ биноҳои дармонгоҳ бо навтарин таҷҳизот таъмин карда шуда, имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: