Ифтитоҳи комплекси варзишӣ дар ноҳия10-07-2017, 09:32
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки наврасону ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Барои ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, бахшида ба соли ҷавонон дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо ибтикори аъзои раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода комплекси варзишӣ дорои майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯимизӣ бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин комплекси варзишӣ зиёда 100 нафар ҷавонону наврасон дар як вақт ба варзиш машғул шуда метавонанд. Боиси қайд аст, ки ҷавонону наврасон дар ин комплекси варзиши метавонанд ҳамарӯза омада ба варзиш машғул шаванд ва тариқи ройгон аз майдончаҳои варзиши истифода баранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.