Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани ду бинои истиқоматии замонавӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон

Ба истифода додани ду бинои истиқоматии замонавӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон

27-07-2017, 08:40
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0

Ба истифода додани ду бинои истиқоматии замонавӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон

ДУШАНБЕ, 27.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ҷавони ташкилоту идораҳои гуногун ва шахсони имконияташон маҳдуди ноҳия, ки имрӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои нав гардида даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди давлату миллат содиқонаю софдилона иҷро карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол фаъолона иштирок намоянд.

Зимни шиносоӣ бо шароити хонаҳои истиқоматӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои истиқоматӣ, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар давоми ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда шудаанд.

Бинои истиқоматие, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Шанс» бунёд гардидааст, дорои 12 хонаи як, ду ва се ҳуҷрагӣ мебошад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 4 миллион сомонӣ харҷ гардида, лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони варзидаи ҶСК «Шаҳрофар» омода шудааст.

Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардида, биноҳои навбунёд дар мавзеи мувофиқ ва маркази ноҳияи Балҷувон қомат афрохтаанд.

Дар саҳни ҳавлии биноҳо ҳамзамон майдончаи бозии кӯдакона ва ҷой барои истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд карда шудааст, ки имконияти мусоид барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон, хусусан тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.

Бинои нави истиқоматии дигаре, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, монанд ба бинои якум аз ду ошёна ва 12 хонаи истиқоматии як, ду ва се ҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, бунёди онро коргарону мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» ба ӯҳда доштанд.

Хизматчиёнӣ давлатӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар навбати худ барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ ба Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, хизмат ба нафъи давлату миллат, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Балҷувонро вазифаи асосии худ маънидод карданд.

Ноҳияи Балҷувон соли 1996 дар даврони истиқлолияти давлатӣ ташкил гардида, дар ин давра дар марказ ва деҳоти он иншооти зиёди дорои таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти маъмурию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар ва рушди тамоми соҳаҳо таъмин гардидааст.

Дар асоси нақшаи генералии маркази ноҳияи Балҷувон, ки соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, то имрӯз 5 бинои замонавии истиқоматӣ ба истифода дода шуда, бунёди боз 5 бинои дигари баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2015 низ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон як бинои дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, 12 нафар кормандни ташкилоту идораҳои давлатии ноҳия бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: