
Пол Манафорт, раиси пешини ситоди интихоботии президенти ИМА Лоналд Трамп дар кумитаи Сенати Амрико дар умури иктишофӣ баёнот дод. Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои хабаргузорӣ, баёноти Манафорт ба мулоқоти ӯ бо вакили дифои рус Наталя Веселнитская дар моҳи июни соли 2016 рабт дошт. Манафорт ба суҳбати иловагӣ бо кумитаи мазкури сенатниз ризоият додааст.
Пештар кумитаи ҳуқуқи сенат ба Манафорт даъватнома фиристод, то дар доираи санҷиши амалҳои Русия ҳангоми маъракаи интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 баёнот диҳад. Қарор аст, ин баррасӣ рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад.
Манафорт дар қазияи санҷиши дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА яке аз шахсони калидӣ ба ҳисоб меравад.
Моҳи июни соли 2016 ӯ раиси ситоди интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп таъйин шуд ва худи ҳамон моҳ дар мулоқоти Доналд Трампи хурдӣ бо ҳуқуқшиноси рус Наталя Веселнитская иштирок кард.
Дар миёнаҳои моҳи август вай баъди ошкор шудани ҷузъиёти робитаҳои корию сиёсияш бо президенти пешини Украина Виктор Янукович истеъфо дод.