Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Домоди Трамп гуфт, бо русҳо робита надоштанд

Домоди Трамп гуфт, бо русҳо робита надоштанд

25-07-2017, 12:35
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Домоди Трамп гуфт, бо русҳо робита надоштанд

Мушовири калонӣ ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер робита бо Русияро ҳангоми интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 рад кард. Домоди Трамп гуфт, на ӯ ва на каси дигар ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ накардааст.
Кушнер исрор дорад, ки ягон тамоси номуносиб надошт ва дар тиҷорати шахсияш низ ба сармоягузории бунёдҳои Русия такя накардааст. Ӯ тасдиқ кард, ки шояд бо намояндагони Русия чаҳор тамос дошт, вале онҳо "хотирмон" набуданд. Яке аз ин дидорҳо бо сафири пешини Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк аст, ки моҳи апрели соли гузашта дар меҳмонсарои Mayflower баргузор шуда, танҳо аз салом иборат буд ва суҳбате иттифоқ наафтодааст.

Мулоқоти дувуми ӯ моҳи декабри соли гузашта бо иштироки ёвари пешини ИМА дар умури амнияти миллӣ Майк Флинн сурат гирифтааст. Кушнер зикр кард, ки дар ин вохӯрӣ ба Кисляк гуфт, Трамп дар муносибатҳои Русия ва ИМА "оғози нав"-ро мехоҳад. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки то мулоқоти дувуми онҳо дар моҳи ноябр ҳатто наметавонист номи Кислякро ба ёд биорад.

Кушнер иқрор мекунад, ки ҳангоми пур кардани асноди дастрасӣ ба маълумоти махфӣ на ҳама вохӯриҳояш бо хориҷиён дар давраи интихобот зикр шудаанд. Аз ҷумла мулоқоти ӯ бо бонкдори рус Сергей Горков, ки ба гуфтаи ӯ, Горков дар он оиди бонки худ суҳбат карда, гуфтааст, ки бо президенти Русия Владимир Путин дӯст мебошад ва аз бадшавии муносибатҳои Русияву ИМА дар давраи Барак Обама нороҳат аст.

Кушнер дар изҳороти худ ҳамчунин қайд кард, ки мулоқот бо вакили дифои рус Наталя Веселнитская дар моҳи июни соли 2016 "талафи вақт" буд ва то вохӯрӣ намедонист, ки додситони рус зидди рақиби Трамп -- Ҳиллари Клинтон маълумот дорад. Вай афзуд, ки дар мулоқот бо Кисляк ба роҳ мондани робитаҳои махфиро бо Москва пешниҳод накардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: