Додситони кул ва вазири адлияи ИМА Ҷефф Сешнс мегӯяд, бо вуҷуди интиқодҳои президент Доналд Трамп аз мақоми худ истеъфо нахоҳад дод. Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад.
Трамп дар суҳбат бо нашрияи The New York Times афсӯс хӯрд, ки Сешнсро вазири адлияи ИМА таъйин кард. Трамп гуфт, агар медонист, ки Сешнс аз тафтиши дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА даст мекашад, ба ҷои вай шахси дигарро таъйин менамуд.
Ҷефф Сешнс худро аз таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико канор кашид. Ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, барои он ки маълумот дар бораи вохӯрӣ бо сафири Русияро пинҳон кард, зери фишори матбуот қарор дорад.
Додситони кулли Амрико пас аз он ки маълум гашт бо сафири Русия дар ИМА мулоқот кардааст, мавриди интиқод қарор ёфт. Ҳарчанд ӯ дар кумитаи сенат гуфта буд, ки бо намояндаи Кремл вонахӯрдааст.
Сешнс изҳор дошт, ки ҷавоби ӯ ба суоли аъзои кумитаи сенат дар бораи тамосҳояш бо намояндагони Русия комилан одилона буд. Зеро медонист, ки манзури онҳо "тамосҳои доимӣ" ва баррасии маъракаи интихоботӣ бо намояндагони Кремл аст.