Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Трамп барномаи махфии кӯмак ба мухолифони Сурияро қатъ кард

Трамп барномаи махфии кӯмак ба мухолифони Сурияро қатъ кард

26-07-2017, 08:56
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Трамп барномаи махфии кӯмак ба мухолифони Сурияро қатъ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, барномаи махфии кӯмаки шӯришгарони Сурияро, ки зидди президент Башор Асад меҷангиданд, қатъ кардааст. Зеро, ин барнома "фарогир, хатарнок ва серхарҷ" буд, мегӯяд Трамп.
Дар ин бора президент баъди он хабар дод, ки чанд рӯз пеш генерал Тони Томас, роҳбари амалиёти вижаи ИМА аз хатми амалиёти чаҳорсола иттилоъ дода буд. Аммо Томас гуфт, ин қарор на ба хотири он қабул шудааст, ки "Русия - ҳомии ҳукумати Асад - ором гирад".

Трамп 24 июл дар Твиттер навишт: "The Washington Post" дар бораи қатъи барномаи фарогир, хатарнок ва серхарҷ аз сӯи ман далелҳои носаҳеҳ нашр кард".

Ин навиштаи Трамп посух ба матлаби нашрия буд, ки "The Washington Post" даъво дошт, ҳамкорӣ бо Москва калиди стратегияи Трамп дар Сурия шуд. Моҳи ҷорӣ ИМА ва Русия дар бораи таъсиси минтақаҳои амн дар ҷануби Сурия ба созиш расиданд.

Президенти пешини Амрико Барак Обама барномаи махфии кӯмакро соли 2013 - замоне, ки шӯришиён дар мубориза зидди Асад ба кӯмаки хориҷӣ эҳтиёҷ доштанд, тасдиқ карда буд. Бо ёрии ин барнома ҳазорон шӯришгар таълим гирифта ва мусаллаҳ шуда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: