
Президент Доналд Трамп қонун дар бораи афзоиши таҳримҳои ИМА-ро зидди Русия, ки чанде қабл аз тарафи Конгресс тасвиб шуд, имзо кард. Ин қонун афзоиши таҳримҳоро зидди Эрон ва Куриёи Шимолӣ низ пешбинӣ мекунад.
Трамп бо нашри як изҳороти махсус гуфт, қонун "камбудиҳои ҷиддӣ" дошт, вале ба хотири "ваҳдати миллӣ" онро имзо кард. Аз ҷумла, ӯ ба конститутсионӣ будани баъзе аз бандҳои он шубҳа дорад. Баъзеи бандҳои қонун ба президенти ИМА иҷозат намедиҳанд, ки бе розигии Конгресс таҳримҳоро бекор кунад.
Ба назари Трамп, дар қонун ба салоҳиятҳои президент як навъ дастдарозӣ шуда, он имкониятҳои маъмурияти ӯро дар гуфтугӯҳо бо ҷониби Русия маҳдуд хоҳад кард. Вай мегӯяд, қонуни мазкур ба ширкатҳои амрикоӣ метавонад зарар расонад ва ҳамкориҳои ИМА-ро бо ҳампаймононаш мушкил кунад.
Иттиҳоди Аврупо аллакай ба ИМА ҳушдор дод, ки агар таҳримҳои нави зидди Русия кори ширкатҳои аврупоиро мушкил кунанд, иттиҳод чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.
Ин таҳримҳо, ки аз замони ҷанги сард сахтаринҳо шумурда мешаванд, ба бонк ва ширкатҳои нафту гази Русия, фурӯшу интиқоли технология ба ширкатҳои русӣ, аз ҷумла дар бахши истихроҷи нафту газ, ҳуқуқи инсон, ҷиноятҳои киберӣ ва интиқоли силоҳ ба президенти Сурия Башор Асад дахл доранд.
Президенти Русия Владимир Путин қабули лоиҳаи қонуни таҳримҳоро "зишт" номида, гуфт, "Москва маҷбур аст, ки посух гӯяд". Кремл дар посух ба таҳримҳои нав аз ИМА хост, ки шумори ҳайати дипломатияшро дар Русия 755 нафар кам кунад. Истифодаи бӯстонсарои сафорати Амрикоро дар "Серебряний Бор" ва анбори иншоотро барои дипломатҳои амрикоӣ манъ кард.